МИГРАЦИЯ (лот. migratio, аз micro — мекӯчам, ҷойиваз мекунам), 1. аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчидани аҳолӣ; муҳоҷирати аҳолӣ (ниг. Миграцияи аҳолӣ). 2) Ба сабаби тағйир ёфтани шароити зиндагӣ ё бо мақсади гузаронидани давраи афзоиш аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчидани ҳайвонот ва паррандаҳо (ниг. Кӯчи ҳайвонот). 3) ҷойивазкунию азнавтақсимшавии элементҳои химиявӣ дар қишр ё рӯи Замин. 4) Барои ба даст овардани фоида ва бо мақсадҳои сиёсй аз як мамлакат ба мамлакати дигар баровардани капитал.
Tags гуногун
Инчунин кобед
САҒОНА
САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …