Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МЕЪЁР-УЛ-АШЪОР»

«МЕЪЁР-УЛ-АШЪОР»

«МЕЪЁР-УЛ-АШЪОР» рисолаи мухтасарест доир ба илми арӯз аз қофияи шеъри арабӣ ва форсӣ (тоҷикӣ), ки соли 1254 Насируддили Тӯсӣ ба форсӣ таълиф кардааст. «Меъёр-улашъор» аз муқаддима ва ду «фан» (боб) иборат аст. Муқаддима се фасл дошта, баёни моҳияти шеър, калом, тахайюл, вазн, қофия, таносуби забонҳои арабӣ ва форсӣ (тоҷикӣ) бо вазну қофия ва фарқи онҳо аз ин ҷиҳат, алоқаи шеър бо илмҳои забон, маонӣ, хитобат, баён, иншо, бадеъ, нақд, мантиқ, мусиқӣ, қофия ва арӯзро дар бар мегирад. Фанҳои аввал ва дуюм, ки ҳар як даҳфаслист, аз илми арӯз ва қофия баҳс мекунанд. Муаллифи «Меъёр-улашъор» ду таърифи маълуми шеърро (Арасту ва Ибни Сино) ҳам карда, онҳоро тафсир додааст. «Меъёр-улашъор» агарчи мухтасар аст, аз ҷиҳати гузориши тоза ва ҳалли амиқи масъалаҳои амалӣ ва назарии шеър нисбат ба таълифоти муаллифони пешина бо баъзе хусусиятҳое имтиёз дошта, дар ҷараёни инкишофи афкори адабӣ ва эстетикии форс-тоҷик таъсири судманд гузоштааст.

А. Сатторов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …