МЕТАЛЛОГРАФИЯ (аз металл ва … графил), илмест дар бораи сохти металлҳо ва хӯлаҳо; қисми таркибии металлшиносӣ. Металлография макросохт ва Микросохти алюминий баъди рекристаллизация, ки бо ёрии микроскоп дар рӯшноии полиризацияшуда мушоҳида карда шудааст (70 маротиба калон карда шудааст).микросохти металлҳоро таҳқиқ карда (бо мушоҳидаҳои бевосита ё бо ёрии микроскопҳо), қонунияти ташаккули сохти металлу хӯлаҳо, инчунин вобаста ба тағйирёбии ин сохт тағйир ёфтани хусусиятҳои механикӣ, электрӣ, магнитӣ, гармигузаронӣ ва диг. хосиятҳои физикии онҳоро меомӯзад. Барои омӯзиши микросохт ғайр аз ин, микроскопияи дифракцнонии рентгенӣ истифода мешавад (ниг. Таҳлили рентгеноструктурӣ).
Ташаккул ва тағйирёбии сохти дохилии металлҳо дар натиҷаи тағйиротҳои фазавие, ки ҳангоми гарм ё хунук намудани металлҳо рӯй медиҳанд, инчунин дар натиҷаи деформацияи пластикӣ, шуоъгирӣ, рекристаллизация ва ғ. ба амал меояд. Мас., афзудани суръати хунуккунӣ боиси хурд шудани донаҳои сохти металл мегардад. Андозаи донаҳои металлро бо деформацияи пластикӣ ва рекристаллизация низ тағйир додан мумкин аст.