Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕРЕЦКОВ

МЕРЕЦКОВ

mereckovМЕРЕЦКОВ Кирилл Афанасьевич (7. 6. 1897, деҳаи Назарьево, ҳозира райони Зарайский вил. Москва — 30. 12. 1968, Москва), Маршали Иттифоқи Советӣ (1944), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1940). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1917. Аз соли 1918 дар сафи Армияи Сурх. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ (1918—20). Академияи ҳарбии Аскари Сурхи коргару деҳқон (АСКД)-ри хатм намуд (1921), Дар ҷанги граждании Испания (1930—37) ихтиёрӣ аз  ҷониби ҳукумати республикавӣ иштирок кард. Дар ҷанги байни Иттифоқӣ Советӣ ва Финландия (1930—40) фармондеҳи Армияи 7-ум буд. Аз авг. 1940 сардори Штаби генералӣ, аз яяв. 1941 ҷонишини Комиссари халқии мудофиаи СССР. Дар аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ (11)41—45) фармондеҳи Армияҳои 7-ум на 33-юм. Аз декабри 11 то февр. 1944 ба қӯшунҳои Фронти Волхов, феврал— ноябр Фронти Карел, аз апр. 1945 ба Гурӯҳи қӯшунҳои Примории фармондеҳӣ мекард. Аз август 1945 фармондеҳи Фронти 1-уми Шарқи Дур. Баъди ҷанг фармондеҳи қӯшунҳои Округҳои ҳарбии Примория, Москва, Беломор ва шимолӣ. С-ҳои 1955—64 ёрдамчии вазири мудофиаи СССР оид ба мактабҳои олии ҳарбӣ буд. Аз апрели 1964 инспектори генералии Вазорати мудофиа. Номзад ба аъзоии КМ КПСС (1939—56), аъзои Комиссияи марказии тафтишоти КПСС (1956—61), Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 1—5). Бо 7 ордени Ленин, ордени «Ғалаба», Революцияи Октябрь, 7 ордени диг., медалҳо ва чандин ордену медальҳои мамлакатҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст. Дар девори Кремли Майдони Сурх маҳфуз аст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …