Маълумоти охирин

МЕҲТАРИ ТӮРОН

mesheryakovМЕҲТАРИ ТӮРОН (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, бастакор ва навозандаи тоҷики охири асри 19 ва аввали асри 20. Зодгоҳаш Бухоро (Ғиждувон). Санъати мусиқиро аз пада­раш, ки аз созандагону хонандагони машҳури Ғиждувон будааст, омӯхт.

Дар навохтани танбӯр, дойра, сурно ва бадеҳатан сурудани рубоиёти халқӣ истеъдоди фақулодда доштааст. Барои такмили касб ба Бухоро меояд ва бо санъаткорони халқию касбии он ҷо ошно мешавад. Ӯ дар сурудану навохтани қисматҳои «Шашмақом» сабки хос дошт.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …