Маълумоти охирин

Мазҳаб

МАЗҲАБ (арабӣ- роҳ, равиш), шӯъба ё шохаи фиқҳи суннии мусулмонӣ мебошад. Дар адабиёти динии асрҳои миёна роҷеъ ба мазҳаб, фирқа ва ҳатто ҷараёнҳои исломӣ фикри собиту маъмуле вуҷуд надорад. Муаррихони дин чӣ қабл аз Муҳаммади Шаҳристонӣ ва чӣ баъд аз ӯ мазҳаб ва фирқаҳои исломиро ба ҳам омехтаанд ва гоҳ мазҳабро фирқа ва фирқаро мазҳаб номидаанд. Бино ба маълумоти мӯътамади асарҳои дар боби таърихи дин таълиф шуда (аз қабили «Алхисам»-и Ибни Ҳазм, «Фарқ байн-ул-фирақ»-и Абдулқодири Бағдодӣ, «Аттабсир фид-дин»-и Абулмузаффари Исфароинӣ) дар байни мусулмонони суннӣ бо чаҳор мазҳаб — ҳанифия, моликия, шофеия ва ҳамбалия маъмул будааст.

Харитаи Мазхаб

Асосгузорони мазҳабҳо Абӯҳанифа (700—767), Молик Ибни Анос (715—795), Шофеӣ (767—820) ва Ибни Ҳандал (780—855) мебошанд. Баъзе маъхазҳои ба таҳқиқи таърихи дин бахшидашуда равияи сунниро мазҳаби «аҳли сунна ва ҷамоа» номидаанд. Мафҳуми мазҳаб дар равияи «Шиа» истифода намешавад.  Ниг. низ Ислом. 3. Бобохонова.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …