Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАЙДОНИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӢ

МАЙДОНИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӢ

МАЙДОНИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӢ, майдони физикии зарядҳои электрии мутаҳаррик. Майдони электромагнитиро электродинамикаи классикӣ ва электродинамикаи квантӣ меомӯзад. Хосияти духела (мавҷӣ ва дискретӣ) дорад. Квантӣ Майдони электромагнитиро фотон меноманд. Асосгузори назарияи Майдони электромагнитӣ Ҷ. К. Максвелл мебошад. Майдони электромагнитӣ дар ҳар нуқтаи фазо бо 2 бузургӣ: вектори шиддатнокии майдони электрӣ (Е) ва вектори шиддатнокии майдони магнитӣ (Н) тавсиф мешавад. Ҳолатҳои хусусии Майдони электромагнитӣ майдони электрӣ (Е =^= 0, Н — 0) ва майдони магнитя (Е = 0, // =jt=. 0) мебошанд.

maydoni-elektromagniti

Векторҳои алектрӣ ва магнитии Майдони электромагнитӣ ба ҳамдигар ба туфайли индукцияи электромагнитӣ алоқаманданд ва яке дигареро ба вуҷуд меорад. Ин майдонҳои ба ҳамдигар алоқаманд дар фазо чун мавҷҳои электромагнитӣ паҳн мешаванд (расм). Тадқиқи Майдони электромагнитӣ барон инкишофи электротехника, радиотехника, радиофизика, электроника ва ғ. муҳим аст.

Ад.: Гольдштейн Л. Д., Зернов Н. В., Электромагнитные поллиполны,

2 изд., М., 1971; Калашников С. Г., Электричество, 4 изд.. М., 1977,

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …