Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАВҶӢ Қосимхони Бадахшӣ

МАВҶӢ Қосимхони Бадахшӣ

nophotoМАВҶӢ  Қосимхони Бадахшӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1571, Агра), шоири тоҷик. Аслан аз Бадахшон буда, дар Ҳиндустон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Саид Нафисӣ аз рӯи катибаи санги мазори Мавҷӣ, ки дар музеи Пруншали (Прунтали) ш. Лакхнав маҳфуз аст, дар ж. «Равобити фарҳангии Ҳинду Эрон» доир ба ҳаёти шоир маълумот додааст. Мавҷӣ замони ҳокимии Ҳумоюн дар Бадахшон дар суҳбати ӯ будааст. Ҳумоюн ҳангоми ба Ҳиндустон рафтанаш Мавҷиро бо худ мебарад. Дар давраи подшоҳии Акбар Мавҷӣ ба баҳрнавардӣ машғул буд. «Мавҷӣ» тахаллус гирифтанаш низ ба ҳамин касбаш вобаста аст. Мавҷӣ шоири намоён буда, дар замонаш шӯҳрат доштааст. Маснавиҳои «Юсуф ва Зулайхо», «Лайлӣ ва Маҷнун» таълиф кардааст. А. Ҳабибов.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …