Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАВҶҲОИ МИЁНА

МАВҶҲОИ МИЁНА

mavchi-miyonaМАВҶҲОИ МИЁНА, радиомавҷҳое, ки дарозии мавҷашон аз 102 то 10s км (басомадашон 3 МГц — 300 кГц) мебошад. Рӯзона Мавҷҳои миёнаро ионосфера ба дараҷаи намоён фурӯ мебарад ва онҳо фақат чун мавҷҳои сатҳӣ, аз caтҳи Замин убур карда паҳн мешаванд. Мавҷҳои миёна шабона, мисли мавҷҳои кӯтоҳ, аз ионосфера ва аз сатҳи Замни чандин карат инъикос гардида, ба масофаҳои дур паҳн шуда метавонанд (ниг. Паҳншавии радиомалоқаҳо). Бо ёрии Мавҷҳои миёна барномаҳои радиоро рӯзона то масофаҳои 500—1000 км, шабона (ҳангоми инъикос аз ионосфера) то чанд ҳазор км шунавондан мумкин аст. Мавҷҳои миёна дар радиошунавонӣ, радионавигация ва ғ. истифода мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …