Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маорифи санитарӣ

Маорифи санитарӣ

МАОРИФИ САНИТАРӢ – ин як соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва илми тиб аст, ки масъалаҳои назариявӣ ва амалии баланд бардоштани маданияти санитарии аҳолиро кор карда мебарояд. Вазифаҳои Маорифи санитарӣ аз тарғибу ташвиқи донишҳои тиббӣ ва гигиенӣ, андешидани тадбирҳои пешгирии бемориҳо, тарбия намудани малакаҳои гигиенӣ ва ғайра иборатанд. Мақсади Маорифи санитарӣ баланд бардоштани равияи маданияти санитарии аҳолӣ, солим ва бардам тарбия кардани насли наврас мебошад.

Маорифи санитарӣ

Тарғиботи маълумоти тиббӣ ва гигиенӣ дар байни аҳолӣ аз тарафи муассисаҳо ва ташкилотҳои нигаҳдории тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилот ва муассисаҳои илм, маданият ва маорифи халқ бо иштироки фаъоли ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бурда мешавад. Барои мутобиқати кори онҳо Шӯрои умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ ташкил шудааст. Ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва илмию методӣ Институти марказии илмию тадқиқотии маорифи санитарии Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон кори Маорифи санитарӣ аз соли 1924 баъди ба республика омадани олимони руси соҳаи тиб ба роҳ монда шуд. Мавзӯъҳои асосии сӯҳбат ва дарсҳои онҳо ба пешгирии бемориҳои вабо, тоун, трахома бахшила шуда буданд. Якумин хонаи Маорифи санитарӣ дар Душанбе соли 1937 кушода шуда буд. Дар Тоҷикистон (1981) 26 хонаю 170 ҳуҷраи Маорифи санитарӣ дар назди муассисаҳои муолиҷавӣ ва профилактикӣ амал мекунад. Солҳои истиқлолият баъди 2010-ум сол як қатор қонуну қоидаҳо дар самти Маорифи санитарӣ нашр шуданд, ки ҷумлаи онҳо ин чораҳо барои накашидани сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва пешгирӣ кардани ҷавонон барои даст кашидан аз истеъмоли маводҳои мухаддир ва нос.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …