Маълумоти охирин

Майкоп

МАЙКОП ин шаҳр буда, маркази вилояти автономии кишвари Адигеи минтақаи  Краснодари Россия мебошад. Дар соҳили рости дарёи Белая (шохоби Кубан) воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан дар шохаи Армавир-Туапсе. Аз Майкоп шоссеи Туапсе — Усть-Ла-бинск мегузарад. Аҳолиаш 145 ҳазор нафар (2017) буда солҳои охир афзоиш наёфта истодааст. Соҳаи асосии саноат — хӯрокворӣ (комбинати хӯрокворӣ, гӯшт, шир, завдҳои консерв, виною арақ). Корхонаҳои саноати ҷангал, коғаз ва чӯбу тахтаи Майкоп коғаз, мебел, паркет, қуттиҳои картонӣ, тахтаҳои аз гарди арра прессшуда ва ғайра мебарорад.

Майкоп

Заводҳои таҷҳизоти салрони, таҷҳизоти муассисаҳои алоқа, дастгоҳҳои металлбурӣ низ дорад. Аз корхонаҳои саноати сабук фабрикаҳои ресмону канаб, арғамчин, дузандагй, пойафзол, заводи моддаҳои даббогй ҳаёт. ГЭС-и Майкоп кор мекунад. Дар Майкоп институти педагогӣ, 6 мактаби маълумоти миёнаи махсус (техникумҳои хоҷагии қищлоқ, автомобилу роҳсозӣ, саноати чӯбу тахта, омӯзишгоҳҳои педагогӣ, тиббӣ, мусиқӣ), институти тадқиқоти илмии иқтисодӣ, забону адабиёт, таърихи Адиге, музеи таърихию кишваршиносӣ ва театри драма мавҷуданд.

Майкоп дар харита

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …