МАГНИТОГРАФ (аз юн. magnetis — магнит ва …граф), асбобест, ки муттасил тағйирёбии майдони магнитии Зачии (варнацияи магнитӣ)-ро сабт мекунад. Аз варнометрҳои магнитӣ ва таҷҳизоти сабткунанда (регистратор) иборат аст. Магнитограф соддатарин аз фоторегнетратор, рӯшноидиҳак ва се варнометри оптикӣ-механикӣ иборат мебошад. Ҳар як вариометр оина дорад. Нури рӯшноӣ аз оина акс гашта, бевосита ба лентаи (фотокораз ё фотоплёнка) барабани суст даврзананда меафтад. Ба лента тағйирёбии фотоҷараёнро менависад. Чунин Магнитограф тағйирёбии майдони магнитии Заминро, ки давраҳои аз якчанд сония то якчанд моҳ аст, бо саҳеҳии 10-13 сабт мекунад. Дар магнитограммаи ҳосилшуда доир ба вақт, амплитуда ва даври вариацияҳои магнитӣ маълумотҳо ҳаст. Ба сифати таҷҳизоти сабткунанда басомадсанҷ, волтметрҳои рақамӣ, магнитофон, перфоратор ва ғ-ро истифода бурдан мумкин аст. Нишондодҳои Магнитограф кодонида шуда, дар ҳисобмошини элентронӣ кор карда мешаванд.