Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАГНЕТИК

МАГНЕТИК

magnetikМАГНЕТИК, истилоҳест, ки ба ҳамаи моддаҳо ҳангоми муоинаи хосиятҳои магнитии онҳо татбиқ карда мешавад. Вобаста ба гуногунии хосиятҳои магнитии микрозарраҳое, ки моддаро ташкил медиҳанд ва характери таъсири мутақобили онҳо навъҳои гуногуни Магнетикҳо мавҷуданд. Магнетикҳоро аз рӯи бузургӣ ва аломати таъсирпазирии магнитии онҳо х ба диамагнетик (моддаҳое, ки барои онҳо х<0 аст), парамагнетик (х > 0) ва ферромагнетикҳо (х > > 1) ҷудо мекунанд. Таснифи амиқи физикии Магнетик бар муоинаи табиати микрозарраҳое, ки моменти магнитӣ доранд, таъсири мутақобили онҳо дар модда, инчунин таъсири омилҳои беруна ба Магнетик асос меёбад. Ниг. низ Магнетизм.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …