Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ АРАБМУҲАММАДХОН

МАДРАСАИ АРАБМУҲАММАДХОН

МАДРАСАИ АРАБМУҲАММАДХОН, ёдгории меъмории Хева (1616). Бинои дохили Ичанқалъа. Мадрасаи Арабмуҳаммадхон бинои начандон калонест, ки ба сабаби дар ҷои танг бунёд ёфтанаш шакли номавзун гирифтааст. Усули синҷбандиаш (чӯби байнаш бо хишт пур карда шуда) ба меъмории халқӣ наздик аст. Ҳуҷраҳо бо гунбазҳои «балхӣ» пӯшонда шудаанд.

СУРАТИ МАДРАСАИ АРАБМУҲАММАДХОН

Мадрасаи Арабмуҳаммадхон дорои сақфу сутунҳои чӯбини кандакорист. Мадрасаи Арабмуҳаммадхон чандин маротиба тармим гардида, шакли аввалааш тағйир ёфтааст. Дар замони Оллоҳқулихон (1838) дар шафати он аз хишти пухта мадрасаи дигаре бо номи Мадрасаи Оллоҳқулихон било ёфт. Едгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …