Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ МОДАРИ ХОН

МАДРАСАИ МОДАРИ ХОН

МАДРАСАИ МОДАРИ ХОН, ёдгории меъмории асри 16 дар ш. Бухоро. Солҳои 1566—67 ба шарафи модари хони Бухоро Лбдуллоҳхони 11 сохта щудааст. Дар рӯбарӯи мадрасаи Абдуллоҳхон ҷойгир аст. Намои асосиашро пешггоқи калон, айвони дуқабата ва гулдастаҳо оро медиҳанд. Пештоқ ва гулдастаҳо бо хиштҳои сирдор, бағалаҳои байни тоқҳо бо кошӣ ва нақшҳои ҳандасӣ пардоз ёфтаанд. Қисмҳои боқимондаи Мадраса ороишашон оддист.

МАДРАСАИ МОДАРИ ХОН
Сурати “МАДРАСАИ МОДАРИ ХОН”

Атрофи ҳавлии чоркунҷаро ҳуҷраҳои aйвондор иҳота кардаанд, дар кунҷҳои иморат дарсхонаҳо ҷойгиранд. Сохти Мадрасаи модари хон хоси меъмории асри 10-и Бухорост. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …