Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ ГОВКУШОН

МАДРАСАИ ГОВКУШОН

МАДРАСАИ ГОВКУШОН, ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Солҳи 1570—71 дар маркази шаҳр бино ёфтааст. Бинобар шакли номавзун доштани ҷои сохтмон, ёдгорӣ шакли номутаносиб гирифтааст ва бандубасташ низ аз мадрасаҳои анъанавӣ фарқ дорад. Қанотҳои паҳлуии намои асосӣ, ки дуқабата аст, аз якдигар аз ҷиҳти андоза ва шакл фарқ мекунанд.

Паҳлӯи ростро толори росткунҷае ишғол кардааст, ки ҳамчун масҷид ва дарсхона истифода мешуд. Қаноти чапи иморатро пӯшишҳои бисёргунбаза ва хонаҳои дарунбадарун ташкил додаанд. Атрофи ҳавлиро ҳуҷраҳои якқабата ишғол кардаанд.

madrasai-govkushon

Дар тарафи чапи бино манораи начандон баланде (19,5 м) воқеъ аст. Дар тарафи муқобили бинои асосӣ айвони зебое қомат афрохтааст. Дар давраи советӣ якчанд бор таъмиру тармим шудааст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …