Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти азил

Маданияти азил

Яроқи давраи Маданияти азил
Яроқи давраи Маданияти азил

Маданияти азил, маданияти археологии асри санг, ки ба давраи мезолит (ҳазораи  8-ти то милод) мансуб буда, давоми маданияти мадлен (давраи охири палеолит) аст. Археологи франсавӣ Э. Пет солҳои 1887— 1889 ба ин маданият номи ғори Масд Азия (дар ҷануби Франция)-ро дод. Асосан дар ҳудуди Франция ва Олмон паҳн шуда буд.

Шикор, моҳигирӣ, ҷамъ кардани решаҳои хурданибобу сабзавот ва меваҷот машғулияти асосии қабилаи ин ноҳияҳо буд. Олоти хурд аз санги чақмоқ, найзаҳо ва шохи оҳу ва ғайра хоси Маданияти Азил мебошад.  Аз Маданияти Азил бештар аз 200 ёдгории ин маданият ёфт шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …