МАҶНУНБЕД (Salix babilonica), дарахтест аа бедиҳо. Баландиаш то 15 м. Намуди зебо, химчаҳои зардча ё сурхтоби борику дарози то замин овезон, барги дарозрӯя ё нештаршакл, гули майдаи сабзчаи заъфаронӣ ва тухми хеле майда (қобилияти сабзишашро ба тезӣ гум мекунад) дорад. Ватани онро Эрон, ё минтақаи рутубатноки Хитой медонанд. Дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон чун дарахти ороиш парвариш мекунанд. Дар сабзкориҳои кишварҳои Шарқ (аз ҷумла Тоҷикистон) мавқеи махсус дорад. Маҷнунбед дарахт мекунад. Аз қаламча ва бехчаст, ба осонӣ сабзида, соли аввал то 80—100 см баланд мешавад. Тибби халқӣ дар сояи Маҷнунбед истироҳат ва фароғат карданро барои узвҳои танаффус муфид медонад.
Ад.: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Д., 1965.
А. Ашӯров.