Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МАҶМАЪ-УЛ-ФУЗАЛО»

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУЗАЛО»

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУЗАЛО» (номи дигараш — «Ориф-ул- осор»), тазкира, таълифи Бақои Муҳаммад Ориф. Муаллиф ба навиштани тазкира соли 1588 дар ш. Андиҷон cap карда, онро дар ш. Агран Ҳиндустон ба итмом расондааст. «Маҷмаъ-ул-фузало» тазкираи умумист иборат аз муқаддима, се фирқа (боб) ва хотима. Дар муқаддима шарҳи ҳоли чанд тан шуарои араб, дар фирқаи аввал баёни ҳоли шоирони асрҳои 10—15 аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ, дар фирқаи дуюм шуарои асрҳои 15—16 аз Ҷомӣ то Мушфиқӣ, дар фирқаи сеюм шарҳи зиндагии шоирони тоҷикзабони Ҳиндустон (муосирони муал­лиф) ва дар хотима шарҳи аҳволу осори муаллиф оварда шудаанд. Ҳамагӣ дар «Маҷмаъ-ул-фузало» зикри 350 нафар шоир омадааст. Маълумотҳои Бакон, махсусан, дар бораи шоирони ҳамосрош хеле пурарзишанд.

С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …