МАҶЛИСИ МАШВАРАТИИ КМ РСДРП БО КОРКУНОНИ ПАРТИЯВӢ, 6-14 октябри 1913 дар Поровяно (Польша). Барои махфӣ нигоҳ доштан «Маҷлиси августӣ», «Тобистонӣ» номида шуда буд. 22 вакил (17 наф. бо овози ҳалкунанда, 5 наф.— машваратӣ) иштирок дошт. Ба маҷлис В. И. Ленин роҳбарӣ мекард, ӯ дар бораи кори КМ ҳисобот дод, оид ба масъалаи миллӣ, конгресси байналхалқии социалистӣ дар Вена ва дигар масъалаҳои рӯзнома маърӯза кард ва тамоми резолюцияҳоро таҳрир намуд. Маҷлиси машваратӣ дар мамлакат пурзӯр шудани ҳаракати коргарӣ, пухта расидани революция, дар маҳалҳо аз байн рафтани таъсири ликвидаторчиёнро қайд намуда, нишон дод, ки шиорҳои асосии революционии партия мисли пештара аз республикаи демократӣ, мусодираи заминҳои помещикон, рӯзи кори 8- соата иборат мебошанд. Маҷлис оид ба cap кардани тартиботи корпартоии сиёсии умумироссиягӣ қарор қабул кард. Маҷлиси машваратӣ қайд намуд, ки матбуоти легалӣ аслиҳаи тавоноӣ большевиконии омма гардид ва ташкилотҳои партиявӣ бояд онро ҳарҷониба дастгирӣ намоянд. Дар баробари ин оид ба зиёд кардани нашри адабиёти ғайрилегалӣ қарор қабул шуд. Маҷлиси машваратӣ барои пурзӯр кардани тарғиботи революционӣ ба депутатҳои большевик тавсия намуд, ки минбари Думаи давлатиро хуб истифода баранд. Оид ба пурзӯр кардани кор дар ташкилотҳои легалӣ (иттифоқҳои касаба, клубҳо ва ғ.) ва ба такьягоҳи партия табдил додани онҳо қарор қабул намуд. Дар резолюцияи оид ба масъалаи миллӣ ақидаи меньшевикон ва бунёдчиён дар бораи автономияи маданию миллӣ рад карда шуд. Маҷлиси машваратӣ таъкид намуд, ки манфиати синфи коргар талаб мекунад, ки пролетариати тамоми миллатҳои мамлакат дар ташкилотҳои ягонаи сиёсӣ, касабавӣ, кооперативию маърифатӣ муттаҳид гарданд, социал-демократҳо бояд ҳуқуқи миллатҳои мазлумро барои худмуайянкунӣ, то ҷудошавӣ ва ташкили давлати мустақил химоя намоянд. Маҷлиси машваратӣ дар ҳар як шаҳр пурқувват гардоидани ташкилотҳои роҳбарикунандаи партиявӣ, барпо намудани иттиҳодияҳои вилоятии партияро вазифаи асосии ташкилӣ донист. Ба ташкилотҳои партиявӣ супурда шуд, ки ба съезди партия тайёрӣ бинанд, лоиҳаи рӯзнома ва розолюцияҳои онро таҳия кунанд. Маҷлиси машваратиро аз рӯи аҳамияташ дар таърихи партия бо конференция баробар кардан мумкин аст.