Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Лос Анҷелес

Лос Анҷелес

ЛОС АНҶЕЛЕС (Los Angeles), шаҳрест дар иёлоти Калифорнияи ИМА, дуюмин бандари калон дар сорили Уқёнуси Ором. Аз Шарқ ва Ғарби қаторакӯҳҳои Сан — Габриел, Сакга-Моника, Санта-Ана иҳота кардаанд. Лос Анҷелес иборат аз 80 ноҳия буда масоҳати ҳаммаи онҳо баробари 1301,97 км².

Лос Анҷелес
Сурати Лос Анҷелес

Аҳолиии Лос-Анҷелес 3,98 млн. бо атрофаш (Лос Анҷелес) бештар аз 8,99 млн. нафар (2017) аст. Лос Анжелес узели муҳими нақлиёт аст. Аэ­ропорташ аҳамияти байналхалқӣ до­рад. Лос-Aнжелес маркази асосии иқтисодии ғарби ИМА. Саноатӣ мошннсозӣ ва коркарди металл хеле ривоҷ ёфтааст. Маркази калони саноатӣ ҳарбӣ буда, самолёт, ракета, аппаратҳои кайҳонӣ ва асбобҳои радиоэлектронӣ истеҳсол мекунад.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ЛОС АНҶЕЛЕС

Соҳаҳои дигари саноат: васли қисмҳои автомобил, киштисозӣ, электротех­никӣ, асбобсозӣ, истеҳсоли маҳсулоти нефт, химия, резин, мебел, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ ва ғ. Дар наздикии шаҳр комбинати калони металлургӣ ва маркази саноатӣ кинои Голливуд воқеъ аст. Якчанд факултети Университети Калифорния, лабораторияи тадқиқоти илмӣ ва расадхонаҳо, аз ёдгориҳои меъмории ҳозира Безнинг-хаус (1911) ва Доҷ-хаус (1916), нигористони бадеии Муниципалӣ, бинои мактаби эксперименталӣ. Музеи санъати графии Лос-Анҷелес ва ғайра мавҷуданд. Лос-Aнжелес — маркази курорти баҳрӣ ва туризм аз соли 1781-ум инҷониб.

ЛОС АНҶЕЛЕС ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …