Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Литвониҳо

Литвониҳо

ЛИТВОНИҲО – (худашон Летувяй (lietuviai) —гӯянд), миллат, аҳолии асосии Литва . Дар ҷаҳон 4,1 млн. нафар (2017), аз он ҷумла дар Литва 2,д млн. нафар, дар кишварҳои дигар (асосан дар шимолу ғарби, Латвия, Белоруссия) 150 ҳазор нафар Бештар аз 500 ҳазор Литвониҳо дар хориҷа (асосан дар ШМА (600 ҳаз.), инчунин дар Европаи Ғарбӣ, Канада, Полша, Америкаи -Ҷанубӣ ва Австралия) зиндагонӣ мекунанд.

Сурати Литвониҳо

Ба забони литвонӣ гaп мезананд. Аксарияти диндорон католиканд. Литвониҳо асосан аз қабилаҳое, ки охири ҳазораи 3 ва аввали 2 то мелод. ба ҳавзаи арёҳои Нямунас Неман) ва Даугава омада буданд, ташлккул ёфтанд. Асрҳои 9—12 бо инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда муносибати байниҳамдигарии қабилаҳо пурзӯр гардид. Нимаи 1-уми асри 13 дар натиҷаи ташаккули этникии Литвониҳо давлатӣ Литва ташкил ёфта, дар мубориза бо Ордени ливон қувват гирифт. Асрҳои 14—16 робитаи Литвониҳо бо русҳо, белорусҳо ва Польша мустаҳкам гардид.

Харитаи ватани Литвониҳо

Дар давраи парокандагии феодалӣ дар дохили халқи Литвониҳо гурӯҳҳои маҳаллии этнографӣ ҷудо шуданд. Соли 1795 ва 1815 сарзамини Литвониҳо ба ҳайати Россия дохил шуда, нимаи 2-юми асри 19 миллати литвонӣ ташаккул ёфт. Соли 1940 Литвониҳо ба ҳайати иттиҳоди шӯъравӣ дохил гардида соли 1990 аз он баромаданд. Халқи Литва роҳи тарақииёти демократӣ-капиталистиро пеш гирифта, ба миллати мутарақӣ табдил ёфт. Литвониҳо дорои маданияти бои моддӣ ва маънавианд

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …