ЛИТРАЖИ МУҲАРРИК – ин ҳаҷми умумии ҳолати кории ҳамаи цилиндрҳои муқаррики дарунсӯз аст. Ҳаҷми кории цилиндр ба ҳосили зарби масоҳати поршен бар дарозии гашти он баробар аст. Литражи муҳаррик иқтидори муҳаррикро муайян мекунад. Литражи муҳаррикро одатан бо дм3 (литрҳо), дар муҳаррикҳои хурдҳаҷм (мас., муҳаррикҳои мотоцикл) бо см3 чен мекунанд.
Чи қадаре, ки Литражи муҳаррик калон бошад пас ҳамон қадар вай зиёд сӯзишвориро сарф – харҷ мекунад. Масалан муҳаррики мошини «BMW 7» бо литражӣ 3,0 см3 дар 100 километр ба ҳисоби миёна 20 литр бинзин харҷ мекунад, ҳол он ки автомобили «BMW 3» бо литражӣ 1,8 см3 дар дар ҳамин қадар масофа ба ҳисоби миёна 8 литр бензин харҷ мекунад. Ибораи «Литражи муҳаррик»-ро бештар дар китобҳои физика ва бозори мошинфурушӣ вохурда мешавад.