Маълумоти охирин

Ликёр

ЛИКЁР (франсузӣ liqueur, аз лот. liguor — моеъ), нӯшокии зӯри спиртӣ, ки дар таркибаш то 35% қанд, то 45% спирт дорад. Дар Европаи Ғарбӣ Ликёр бори аввал дар Голландия пайдо шуд, ки кюммел ном дошт. Аввалҳо Ликёрро аз гиёҳҳои шифобахш, реша, гул ва меваи растаниҳо тайёр мекарданд. Ликёрҳои зӯр, дессертӣ ва «крем»-у мавҷуданд.

Ликёр

Барои тайёр кардани Ликёр навъҳои серқанди ангур (миқдори қандаш на камтар аз 24— 26%) истифода мешавад. Агар миқдори қанди меваҳо аз ин кам бошад, ба Ликёр шарбати сершираи ангур илова мекунанд. Ликёрро инчунин аз шарбати спиртдори меваҳо, қиёми спиртдор, гиёҳҳои хушбӯй, реша, тухм, барг, гул ва пӯстлохи меваҳои ситрусӣ, растаниҳои лубиёгӣ (каҳва, какао), растаниҳои хуштаъмкунанда, маҳлулҳои спиртии равғанҳои эфир, спиртҳои хушбӯй ва ғайра тайёр мекунанд.

Дар Тоҷикистон низ ликёр тайёр мекунанд ва ба сифати замина ба он ангури ҷавз ва дигар меваҳои хело ширин истифода мешаванд. Ликёр нисбатан нӯшокии қиматбаҳо ба ҳисоб меравад ва аз ҳама маъруфтарин намудҳои он дар Фаронса истеҳсол мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …