Маълумоти охирин

Либертто

ЛИБРЕТТО – матни адабии асарҳои мусиқӣ-драмавӣ: опера, оперетта, дар гузашта — кантата, оратория ва сценарияи балет, мебошад ки аз калимаи итолиёвии «libretto» гирифта шуда маънояш китобча аст. Либреттои опера ва балет дар асоси қоидаю қонунҳои драматургия навишта мешавад. Либретто дар шакли шеър, баъзан наср, муҷаз ва мувофиқи қоидаю қонуни мусиқӣ навишта мешавад.

libertto-odam-navisandai-itolyovi

Дар Либреттои балет мазмун муфассалтар баён ёфта, лаҳзаҳои рақс ва ҳамаи имову ишора дар он пурра тасвир меёбанд. Либретто дар асоси мавзӯи мустақил ё ягон асари бадеӣ офарида мешавад. Масалан Либреттои операи «Евгений Онегин-и П. И. Чайковский ва балети «Фаввораи боғчасароӣ»-и Б. В. Асафев дар асоси роман ва достони ҳамноми А. С. Пушкин, Либреттои операи «Комде ва Мадан»-и 3.

Шаҳидӣ ва балети «Писари Ватан»-и 10. Тер-Осипов дар асоси достонҳои ҳамноми Абдулқодири Бедил ва М. Турсунзода эҷод шудаанд. Либретторо бештар шоир ё нависанда (дар балет аксар хореограф) навишта, бастакор мусиқии онро эҷод мекунад. Нахустин Либреттои тоҷикиро М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ барои операи «Шӯриши Восеъ»-и С. А. Баласанян (1939) навиштаанд. Н. Нурҷонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …