Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Лагери Освен­сим

Лагери Освен­сим

Лагери Освен­сим, лагери консентрасиониест, ки фашистони немис соли 1940 дар назди шаҳри Освенсим (Полша) сохтаанд. Масоҳат тақрибан 500 гектар буд. Солҳои мавҷудияти Освенсим дар он бештар аз 4 миллион гражданҳои СССР, Полша, Франсия, Белгия, Венгрия, Нидерланд, Руминия, Чехословакия, Юго­славия ва мамлакатҳои дигар ваҳшиёна кушта шуданд. Коммунистон ба зулму таъқиби бераҳмонаи фа­шистон нигоҳ накарда, дар лагер ячейкаҳои махфӣ ва гурӯҳҳои ҷангӣ ташкил доданд.

Тирамоҳи 1944 мар­кази роҳбарикунандаи ташкилоти Муқобилат дар лагер шӯриш тайёр кард. Вале як гурӯх; маҳбусон пеш аз мӯҳлат номуташаккилона шӯриш cap карданд, ки дар натиҷа шӯришгарон шикаст хӯрданд. Зиёда аз 200 нафар асирон дар даст яроқ ҳалок шу­анд. Гитлерчиён шӯришгарони боқимондаро ваҳшиёна ҷазо доданд. Асирони зиндамондаи Освенсимро 27 январи 1945 қӯшунҳои советӣ озод карданд. Ҳоло дар ҳудуди лагер музей ташкил шудааст. Сентябр 1958 Комитети байнал- халқии Освенсим таъсис ёфт.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …