Лагери Освенсим, лагери консентрасиониест, ки фашистони немис соли 1940 дар назди шахри Освенсим (Полша) сохтаанд. Масохат такрибан 500 гектар буд. Солхои мавчудияти Освенсим дар он бештар аз 4 миллион гражданхои СССР, Полша, Франсия, Белгия, Венгрия, Нидерланд, Руминия, Чехословакия, Югославия ва мамлакатхои дигар вахшиёна кушта шуданд. Коммунистон ба зулму таъкиби берахмонаи фашистон нигох накарда, дар лагер ячейкахои махфи ва гуруххои чанги ташкил доданд.
Тирамохи 1944 маркази рохбарикунандаи ташкилоти Мукобилат дар лагер шуриш тайёр кард. Вале як гурух; махбусон пеш аз мухлат номуташаккилона шуриш cap карданд, ки дар натича шуришгарон шикаст хурданд. Зиёда аз 200 нафар асирон дар даст ярок халок шуанд. Гитлерчиён шуришгарони бокимондаро вахшиёна чазо доданд. Асирони зиндамондаи Освенсимро 27 январи 1945 кушунхои совети озод карданд. Холо дар худуди лагер музей ташкил шудааст. Сентябр 1958 Комитети байнал- халкии Освенсим таъсис ёфт.