ҚИЁС, як рукни асосии фиқҳро гуянд, ки тавассути муқоиса бо масъалаҳои ҳуқуқӣ дар Қуръону ҳадис баёншуда хулоса мебароранд. Маъмулан ба масъалаҳое дахл дорад, ки дар манбаъҳои ҳуқуқии мусулмонӣ роҷеъ ба онҳо бевосита чизе гуфта нашудааст. Мас., агар тоҷир ё намояндаи ягон давлати ғайримусулмонӣ ба мамлакати мусулмонон омада дуздӣ ё дигар хел гуноҳ содир кунад, уро чи хел ҷазо додан лозим аст. Дар фиқҳи ислом дар ин бора чизе гуфта нашудааст. Фақеҳои дар ин ҳолат усули Қ.-ро истифода мебаранд. Онҳо мегуянд, ки агар ягон мусулмон моли ғайримусулмонро бидуздад, мувофиқи ҳуқуқи мусулмонӣ дасти уро мебуранд. Ҳамин усулро истифода бурда, фақеҳои чунин қазоро барои дуздии шахси ғайримусулимон низ раво медонанд. Мисоли дигар: мувофиқи Қуръон (VIII, 42) аз панҷ як қисми ғанимати ҷангӣ ба халифа тааллуқ дорад. Усули Қ.-ро истифода бурда, фақеҳон чунин хулоса кардаанд, ки мувофиқи он аз панҷ як қисми сарватҳои зеризаминӣ, модии сайдшуда ва ғ. низ ба халифа мутааллиқ аст. Усули Қ.-ро аз ҳама бештар фақеҳи машҳури мактаби Ироқ Абуҳанифа истифода бурдааст.
М. Ҳазратқулов.