Маълумоти охирин

ҚИЁМАТ

ҚИЁМАТ (ар.     — бархостан, растохез), мувофиқи таълимоти дини ислом рӯзест, ки гуё тамоми мурдаҳо аз нав зинда шуда, аз кору кирдорашон ба пурсандаҳо (мункару нақир) ҳисобот медиҳанд. Тасаввуроти рузи Қ. қариб дар ҳамаи динҳои ҷаҳон мавҷуд аст. Дар дини ислом он аз динҳои пешин мерос мондааст. Масъалаҳои асосии ҷаннату дузах дар зардуштия пайдо шуда буданд. Минбаъд бисьёр ҷиҳатҳои он тавассути ҳомиёни дин инкишоф дода шудааст. Мувофиқи ҳадис ва дигар ривоятҳои динӣ рӯзи Қ.  бандагон мувофиқи дафтари аъмол ба пурсандаҳо ҷавоб медиҳанд. Маросими пурсиши бандаҳо силсилавист. Аввал пурсандаҳо гӯё «бандагони худо»-ро бо саволҳои гуногун санҷида, «гуноҳ» ва «савоб»-и онҳоро бар кашида, дар дафтари аъмолашон сиёҳ мекунанд, сони онҳоро аз пули Сирот мегузаронанд. Гунаҳкорон ҳангоми гузаштан аз пули мазкур гуё ба оташ меафтанду бегуноҳон роҳи биҳиштро пеш мегиранд. Баъзеҳо ба аъроф (гуё мавзеест байни дузаху биҳишт) меафтанд.

Дар бораи фаро расидани рӯзи Қ-ҳадсҳои гуногун мавҷуданд. Муҳлатҳое, ки чандин бор ҳомиёни дин барои рӯзи Қ. муайян карда буданд, гузаштаанд, вале Қ. фаро нарасид.

М. Мирразимов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …