ҚИР, зифти куҳӣ (ба русӣ-битум), омехтаи карбогидридҳои сахт ё моеъи дар об ҳалнашавандаро гӯянд. Аввалҳо ба асосан нефт ва ҳосилаҳои табиии он (боштар асфалт)-ро нисбат медоданд. Ҳоло масолеҳи асфалтмонанди сунъии баъд аз тақтири боқимондаи нефт, зифти ангиштсанг ва сланҷ, ҳамчунин экстрактҳои аз торф, ангишти бур ва ғ. гирифташударо низ Қ. меноманд. Қ-ро аз замонҳои қадим истифода мебурданд ва бо он обанборҳою амбори ғалларо андова мекарданд. Таркиби асосии Қ.-ҳои сузишвориҳои сахт аз зифт ва мум иборат аст. Қ.-ро дар роҳсозӣ, тайёр кардани масолеҳи изоляционӣ, компауниҳо, пластмассаҳо, локҳо ва ғ. истифода мебаранд.