Маълумоти охирин

ҚАЙЧӢ

kaychi

ҚАЙЧӢ, миқроз, газ, асбоби дастӣ, дастгоҳ ё мошинест барои буридани материалҳои гуногун. Қ-аз а. 3 то м. маълум буда, ҳангоми ҳафриёти ёдгориҳои маданияти латен ёфт шудааст. Он аз ду корд иборат аст, ки онҳоро пластинаи металлии камоншакл (фанарвор ҳаракаткунанда) бо ҳам мепайвандад. Чунин К.-ро ҳозир барои тарошидани пашми бузу гусфандон истифода мебаранд. Қ.-ҳои навъи ҳозира (ду корди баҳамдигар ба таври шарнирӣ пайвастшуда) тақр. дар а. 8 дар Шарқи Наздик сохта шудаанд. Қ.-ҳоро ба Қ.-и рузғор, челонгарӣ, тиббӣ ва ғ. ҷудо мекунанд. Бо Қ.-и дастӣ матоъ, қоғаз, ва ғ.-po мебуранд. Дар устохонаҳои таъмирӣ қ.-ҳои стационарӣ ва сайёри кордҳояшон қискшакл ва ростхаттаро истифода мебаранд. Материалҳои тахта-тахта ва тасма-тасма, ғулбаҳо, профилҳои муқарнаси варақ-варақи оҳанин ва амсоли инҳоро ба воситаи мошинҳои пуриқтидор [25 МН (2S00 тд)] мебуранд. Дар чунин дастгоҳҳо варақапулоди ғафсиаш 60 мм, ғулбаи диаметраш то 165 мм-и прокатро буридан мумкин аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …