Маълумоти охирин

ҚАЙ

ҚАЙ, аз рудаю меъда ба воситаи даҳон беихтиёр омадани фарс (хуроки фурубурда ва ғ.)-ро гуянд. Қ. амалиёти рефлексии мураккаб буда, дар натиҷаи таҳаюҷи маркази қайкунӣ, ки дар мағзи дарозруяи capҷой дорад пайдо мешавад. Ҳангоми Қ. баромадгоҳи меъда танг ва даромадгоҳи он кушода мешавад. Дар натиҷаи ҳаракати чаппаи рудаҳо (аз поён ба боло) хурок аз меъда ба сурхруда ва аз он берун меравад. Дар ин вақт ҳанҷара болою сарпушакаш поён ва роҳи овоз пушида шуда, моддаҳои қай ба роҳҳои нафаскашӣ намеафтанд. Боло шудани ком ба дохил шудани фарс ба ковокии бинӣ монеъ мегардад. Таъсири моддаҳои ангезанда ба пардаи луобии меъда, таъсири бевоситаи моддаҳои заҳрнок ба маркази он, ангезиши даррокҳо (рецепторҳо) мас., ҳангоми касалии узвҳои батнӣ, мағзи cap, пардаҳои он ва ғ., сабабҳои Қ.-анд. Ба воситаи Қ. аз меъдаю руда моддаҳои зарарнок дур карда мешаванд. Қ. баъзан (мас.,Қ.-и пасиҳам ҳангоми тангшавии баромадгоҳи меъда) сабаби камобшавии организм, вайроншавии мубодилаи моддаҳои минералӣ ва мувозинати кислотаю ишкор мегардад. Қ. дар ҳолати масти, иғмо махсусан баъди наркоз хавфнок аст, чунки дар Ватикан атония (сусти)-и сарпушаки хандара ва коми нарм фарс мумкин аст ба даруни бинӣ ва роҳҳои нафаскашӣ афтида, сабаби асфиксия (нафастангӣ) гардад.

kay

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …