Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ҚАШҚАР

Шаҳри ҚАШҚАР

ҚАШҚАР, Кошғар, Кожғар, Кошӣ, шаҳрест дар қисми ғарбии Хитой, дар Райони Автономии Уйғурҳои Синьцзян. Дар соҳили д. Қашқар, дар маркази водии калони назди доманаи ҷанубии куҳҳои Тиёншон ҷойгир шудааст. Аҳолиаш 200 ҳаз. наф. (1976). Корхонаҳои мошипсозии х. қ бофандагӣ, ордкатӣ, кулолӣ ва ГЭС дорад. Косибӣ ривоҷ ёфтааст. Аз ёдгориҳои меъмориаш мақбараи Ҳазрати Офоқ (а. 18) боқӣ мондааст. Дар бораи шаҳр ҳануз дар маъхазҳои то м. маълумотҳои нахустин дода шудаанд. дар а.1 Қ. пойтахти хонии хурде буд. Сонитар ба ҳайати давлати гуннҳо, Кушониён, Ҳайтолиён, Хоқонии Турк (а-ҳои 6—7), Ҳоқонии Уйғур a-ҳои 7—9) дохил шуд. Дар а-ҳои 10—12 пойтахти давлати Карахониён буд. Дар ин давраҚ. ба маркази сиёсӣ ва мадании Туркистони Шарқӣ табдил ёфт. Шаҳри ҳозираи Қ. дар замони ҳукмронии Абубакр Дуғлат (1480— 1514) аз нав сохта шудааст. Дар давраи хонии Ерканд ва чунгарҳо пой-тахт ба ш. Ерканд кучид. С. 1878, баъди аз тарафи манҷурҳою хитоиҳо забт шудани Туркистони Шарқи Қ. аз нав маркази маъмурӣ ва маданӣ қарор ёфт.

kashgar

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …