Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ҚАШҚАДАРЁ

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ

kashkadaryo

ҚАШҚАДАРЁ, вилоятест дар ҳайати РСС Узб. 7 февр. 1964 ташкил шудааст. Дар қисми ҷан. Узбекистон ҷойгир аст. Масоҳ. 28,4 ҳаз. км3. Аҳолиаш 1334 ҳаз. наф. (1984), аҳолии шаҳрӣ 25%. Вилолт 16 район, шаҳр ва 3 птш дорад. Марказаш ш. Қаршӣ. Қисми зиёди вилоят аз ҳамвории наздикуҳӣ (баландиаш то 2938 м) иборат аст. Ҳарор. миёнаи янв. қариб 0—ГС, июль ЗГС. Боришоти солона 200—500 мм. Дарьёи асосӣ — Қашқадарьё. Барои обёрии заминҳо каналҳои Қаршӣ ва Эскиандор, инчунин обанборҳои Чимкурғон, Паҷкамар сохта шудаанд. Газ ва нефт истихроҷ мекунанд. Корхонаҳои коркарди газ, пахтатозакунӣ, саноати хурокворӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, қолинбофӣ дорад. Пахтакорӣ, ғаллакорӣ (асосан гандум ва ҷав), боғу токдорӣ ва кирмакдорӣ тараққӣ кардааст. Вилоят бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1967).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …