Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ҚАРАКИДОНИЁН

ҚАРАКИДОНИЁН

ҚАРАКИДОНИЁН, қарахитоиҳ о (кидониёни сиёҳ, хитоиҳои сиёҳ), номе, ки муаллифони асримиёнагӣ ба халқияти гуруҳи муғулӣ — кидониён додаанд. Қ- дар а. 12 дар Осиёи Миёна маскан гирифтанд. С-ҳои 20-уми а. 12 Ҳафтрудро забт карда, с. 1125 давлати мустақили худро ташкил доданд. Пойтахти давлати Қ. дар соҳили д. Чуш. Баласағун (Хусыордо) буд. Дертар Қ. дар назди Хуҷанд пайдо шуданд ва моҳҳдои май — июни 1137 қушуни Маҳмуди Қарахониро торумор карданд.

Қ. хонадони Қарахониёнро нест накарданд. Дар Самарқанд ба ҷои Маҳмуд ба тахт бародари у Иброҳим нишаст. Қарахониён вассали Қ,, шуда монданд. Иброҳим вазифадор буд, ки андозро ҷамъ карда, ба пойтахти Қ. Баласагун фиристад. Дар Фарғона ҳокимият дар дасти хонадони «Ҳасаниҳо» яъне Қарахониёни шарқӣ буд. Аммо хонадони фарғонагии Қарахониён тадриҷан Самарқандро ба дасти худ гирифт.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …