Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ҚАДРИЯТ

ҚАДРИЯТ

ҚАДРИЯТ, аҳамияти мусбат ё манфии объектҳои олами берунаро нисбат ба одамон, синф, гуруҳ ва ҷамъият гуянд, ки на аз руи хусусияташон, балки мувофиқи истифода шуданашон дар соҳаҳои фаъолияти инсонӣ, манфиату талаботи муносибатҳои иҷтимоӣ муайян мешаванд; меъёру тарзи арзёбии аҳамиятест, ки дар нормаҳои принципи ахлоқӣ, идеал, таълимот ва мақксад ифода мешавад. Дар шакли ҷамъиятии таърихан муайян дорои хусусиятҳои фарқкунанда ва дараҷаи муайяни Қ. мебошад. ки системаи онҳо дараҷаи баландтари танзими  иҷтимоиро ташкил медиҳад. Дар он маъмулан меъёрҳои аз тарафи иҷтимоъ (ҷамъияти мазкур ва гуруҳи иҷтимоӣ) эътирофшуда ба вуҷуд меоянд, вале дар ҳамин замина назорати конкретӣ ва системаҳои махсуси он, ки ба барсохти ҷамъиятӣ мувофиқат мекунад, ба вуҷуд меояд.

Ҳамаи падидаҳо, ҳодисаю воқеаҳои прогрессивӣ ва мероси мадании гузашта дар ҷараёни дониш, ҳақиқатҳои илмӣ, беҳбудӣ, хушбахтӣ ва диг. хусусиятҳои ахлоқию эстетикии одамро Қ.-и иҷтимоӣ муайян мекунад. Тарзи баҳодиҳӣ ба онҳо мусбату манфӣ (хайру шарр, дурусту нодуруст, ҳусну қубҳ ва ғ.) шуда метавонад. Қ. дар ҷараёни инкишофи таърихии ҷамъият ташаккул меёбад ва аз як шакл ба шакли дигар мегузарад. Чун, ин ҷараёнҳо ба тағйири соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон вобастаанд, ҳудуди замонии онҳо ҳам аз доираи тағйироти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ берун мебарояд. Мас., «Қ.-и эстетикии давраи атиқа аҳамияти худро баъди барҳам хурдани маданияти атиқаи Юнон низ гум накардааст.

Дар ҷамъиятҳои антагонистӣ синфҳо роҷеъ ба Қ. тасаввуроти гуногун (хайр, ҳақиқат, озодӣ ва ғ.) ҳосил мекунанд, вале пайваста ба онҳо Қ-и умумиинсонӣ нормаҳои муайяни ахлоқ (мероси пешқадами маданияти маънавии гузашта) амал мекунад.

Ш. Сулаймонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …