Маълумоти охирин
Главная / Биология / ҚАБУРҒА

ҚАБУРҒА

kaburgha

ҚАБУРҒА, устухонҳои ҷуфту камоншаклро гуянд, ки бо сутунмуҳра пайванданд. Қ. ва тӯш дар хазандаҳо, паррандаҳо, ширхурон ва одам қафаси синаро ташкил медиҳанд. Дар ҳайвонот Қ. болоию поёнӣ мешавад. Қ.-ҳо узвҳои дарунро ҳифз мекунанд. Одам 12— ҷуфт Қ. дорад: Ҳафт ҷуфт Қ.-и боло (1—7) Қ.-ҳои дақиқи ном доранд. Қ.-ҳои VIII—X ба устухони тӯш пайванд намешаванд ва Қ.-ҳои қалбақӣ номида мешаванд Онҳо бо тағоякҳои худ ба ғузруфи ҳар кадом Қ.-и аз худаш боло пайваст шуда, камонаки Қ-ро ба вуҷуд меоранд. Қ. 11 ва 12 аз нуги пешашон бо Қ-ҳои дигар пайваст нашуда, дар мушакҳо ба охир мерасанд; онҳоро Қ.-ҳои ҷунбанда меноманд. Аз иллати Қ. бештар шикасти Қ. вомехурад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …