Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАБРИСТОНИ ХАЗИНАХОНА

ҚАБРИСТОНИ ХАЗИНАХОНА

ҚАБРИСТОНИ ХАЗИНАХОНА, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 1—8, ки дар маҳалли Хазинахона, 3 —4 км ҷанубтари ш. Исфара воқеъ аст. Теппаҳои қабрҳо 0,15—-0,20 м баландӣ доранд. Қ. X. с-ҳои 1934, 1956, 1971 тадқиқ гардид. Дар яке аз қабрҳои мутааллиқи а-ҳои 7—8 боқимондаи майите ёфт шуд, ки дар хум мадфун аст. Дар Қ. X. ду навъи гур аниқ гардид: гури муқаррарӣ ва хумдафн. Аз қабрҳо зарфҳои сафолӣ, дастпона ва гушвораи биринҷӣ, шаддаи марҷон ёфт шуданд. Қ. X. ба аҳолии маҳаллии қисми ғарбии Фарғона тааллуқ дошта, дар бораи урфу одати дафнкунии ниёгони тоҷикон дар аҳди қадим маълумоти пурқимат дод.

Ад.: Салтовская Е. Д., О могильнике Хазина-хона. Дар кит.: Археологические работы в Таджикистане, в. 10 (1970), М., 1973.

Е. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …