Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Қабристони Ойдинкул

Қабристони Ойдинкул

Ойдинкул, қабристонест мансуби асри 3 то милод, ки 0,8 километр ҷанубтар аз роҳи Ҷартигумбаз — кӯли Сулунғур, дар соҳили ғарбии дарёи Ойдинкӯл воқеъ аст. Солҳои 1958—59 гурӯҳи ар­хеологии Помири Шарқии Институти таърихи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон тадқиқ намуд.

Ойдинқул аз 6 пушта иборат буда, бо санг пӯшонида шудааст. Диаметрашон 5 метр, баландиашон 0,4 метр аст. Ҷасадҳо дар чуқурии 0,75 метр пуштнокӣ рӯ ба ҷануб, дастҳояшон каме ба канор ҷудо, аз оринҷ қат гӯронида шуда­анд. Аз пуштаҳо зарфҳои сафолӣ, оҳанӣ, ҳалқаҳои тасмаю пайкойҳои биринҷӣ ба даст омаданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …