Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қуллаи РЕВОЛЮТСИЯ

Қуллаи РЕВОЛЮТСИЯ

РЕВОЛЮТСИЯ, қулла, нуқтаи баландтарини қаторкӯҳи Язгулом (Помири Шимоли Ғарбӣ), ки дар қисми шарқии он, дар маркази яхбандии ҳозираи Помир воқеъ гаштааст. Баландиаш 6974 метр. Аз нишебиҳои Реоволютсия пиряхҳои калонтарин — Федченко, Грум-Гржимайло ва ғайра ибтидо меёбанд. Соли 1928 баъди қулларо кашф кардани иштирокчиёни Экспедицияи 1-уми Помири Академияи Фанҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР онро аввалин шуда соли 1954 алпинистони ВЦСПС бо роҳбарии А. Угаров фатҳ намуданд.       Ю. С. Усков.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …