«Огонёк», журнали оммавӣ-сиёсӣ ва адабию бадеии мусаввар. Аз соли 1923 дар Москва нашр мешавад. Муҳаррири аввалинаш М. Е. Колсов (то соли 1938), баъд дар вақтҳои гуногун Е. П. Петров, А. А. Сурков муҳаррири карданд, аз соли 1953 муҳаррири «Огонёк»—А. В. Софронов.
«Огонёк» хроникаи ҳаёти ҳозира, ҳикоя, очерк, шеър, мақола ва фоторепортажҳо чоп мекунад. Ҳамчун иловаи журнал аз соли 1925 силсилаи китобҳо бо номи «Китобхонаи «Огонёк», аз соли 1928 — маҷмӯи асарҳои нависандагони рус ва хориҷӣ мебарояд. Ҳафтае як бор ба забони русӣ нашр мешавад. Адади нашр 1. 800 000 нусха (1982). «Огонёк» бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.