Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи Нюфаундленд

Ҷазираи Нюфаундленд

Нюфаундленд (Newfound­land), ҷазира дар уқёнуси  Атлантик, дар назди соҳилҳои Америкаи Шимолӣ. Гул. Белл-Айл Нюфаундлендро аз нимҷазира Лаб­радор чудо кардааст. Як қисми территорияи Нюфаунленд музофоти Нюфаундленди Кана­да мебошад. Масоҳат 111 ҳазор километр (мувофиқи маълумоти дигар 125ҳазор километр2).

Аз чиҳати геологӣ Нюфаунленд як қисми системам кӯҳии Аппалачиро ташкил медиҳад. Сатҳаш ҳамвори каму беш пасту баланд, қирҳои баландиашон то 814 метр мавҷуданд. Соҳилҳои Нюфаунленд  баланди шахдор. Иқлимаш мӯътадил, боришоти солона 750—1500 миллиметр. Ҳарорати миёнаи моҳона аз —4, —10° Селсия то Ю—15° Селсия. Дарёҳояш кӯтоҳ ва остонадор. Кӯлу ботлоқҳо бисёранд. Хокаш асосан хокистарранг. Дар ба- ландиҳои то 350—400 метр бешаҳои сӯзанбарг воқеъ гаштаанд, аз он боло­тар набототи тундрагӣ мерӯяд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …