Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯСПЕРС Карл

ЯСПЕРС Карл

karl-jaspers

ЯСПЕРС (Jaspers) Карл (23. 2. 1883, Ольденбург —26. 2. 1969, Базель), файласуфи немис (РФГ), ва намояндаи асосии экзистенциализми динӣ; психиатр. Дар ун-тҳои Берлин, Геттинсен ва Гейдельберг (1902 —08) маълумоти тиббӣ гирифтааст. Аз 1908 ассистенти клиникаи психиатрӣ дар Гейдельберг, аз 1916 проф. психология, аз 1921 проф-и фалсафаи Ун-ти Гейдельберг (1937 аз кори таълимӣ дур карда шуд ва 1945 боз ба он шуруъ намуд); аз 1948—дар Ун-ти Базель.

Баъди торумори фашизм Я. байни зиёиёни либералии РФГ шуҳрати зиёд пайдо кард, дар як қатор асарҳои оммавиаш ҳамчун воизи сиёсӣ баромад намуд. С-ҳои 50 либерализми консервативии Я. хусусияти зиддикоммунистӣ дошт, вале ох. с-ҳои 60 тамоюлҳои зиддидемократӣ ва реваншистиро дар ҳаёти сиёсии Бонн танқид кард.

Я. вазифаи асосии фалсафаро дар кушодани «муаммои ҳастӣ» медид. Инсон, ба ақидаи у, таносуби экзистенция (ҳолати ғайриобъективии инсон) ва трансценденцияро дар ҳолатҳои махсус (ғаму андуҳ, мубориза, марг) дарк мекунад. Ба ақидаи Я. маънои фалсафа муқаррар кардани «иртиботи» умумиинсонӣ дар ҳамаи доираҳои маданист. Умуман фалсафаи Я. ифодаи буҳрони гуманизми анъанавии либералию фардӣ ва дар айни замон кушиши идроки ин буҳрон, набудани имконияти раҳоӣ аз он мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …