Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии ТУНИС

Ҷумҳурии ТУНИС

ТУНИС, Республикаи Тунис давлатест дар шимоли Африка. Масоҳаташ 164,2 ҳазор км2. Аҳолиаш 6,9 млн нафар (1963); асосан арабҳои Тунис Забони расмӣ—арабӣ. Ба дини ислом эътиқод доранд. Пойтахташ шаҳри Тунис. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 18 вилоят тақсим шудааст. Сардори давлат — президент. Органи олии қонунбарор — Маҷлиси милли. Ҳудуди Тунисро ҳамвориҳои наздисоҳили, қисми шарқи куҳҳои Атлас ва қисми шимоли Саҳрои Кабир ишғол кардаанд. Иқлимаш субтропикии баҳримиёна заминӣ, дар ҷануб тропикии биёбонист. Ҳарорати миёнаи январи дар шимол 10°С, дар ҷануб 21°С, июл мутаносибан 26 ва 33°С. Боришоти солона аз 100 мм то 1000 мм (аз ҷануб ба шимол торафт зиёд мешавад). Дар куҳҳо бешаҳо (аз ҷумла пӯкбулут) мавҷуданд.

j-tunis
Тақрибан дар асри 12 то мелод дар ҳудуди Тунис қасабаҳои финиқиҳо пайдо шуданд, ки яке аз қасабаҳои калонтарин Карфаген буд. Дар асри 2 то мелод римиён қисми шимоли шарқи Тунисро забт карданд, то миёнаи асри 1 бошад тамоми Тунис ба ихтиёри римиён гузашт. Аз асри 5 дар зери ҳокимияти вандалҳо ва сипас Византия буд. Аз аввали асри 8 дар ҳайати Хилофати араб ва аз соли 800 давлати мустақил аст. Соли 909 дар Тунис давлати Фотимиён барпо шуд. Солҳои 1160—1229 дар ҳайати давлати маҳадиён буд. Солҳои 1229— 1574 дар Тунс Ҳафсиён ҳукмрони мекарданд. Солҳои 1574—1881 дар ҳайати империяи Усмония; аз соли 1591 Тунисро амалан дейҳои тунис, 1612—1702 бейҳои сулолаи Муродидиён ва аз соли 1705 бейҳои сулолаи Ҳусайниён идора мекарданд. Солҳои 1881—1956 Тунис протекторати Франция ва аз ноябри 1942 то майи 1943 дар зери истилои қӯшунҳои Италияю Германия буд Партияи Коммунистии Тунис (таъсисаш 1939) бар зидди фашистони истилогар мубориза бурд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳони муооризаи миллию озодихоҳонаи халқи Тунис, ки ба он партияи «Дустури Нав» роҳбарӣ мекард, авҷ гирифт. 20 марти 1956 истиқлолияти Тунис эълон шуд, аз 25 июли 1957 Тунис— республика. Аз соли 1956 Тунис бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.
Асоси иқтисодиёти Тунис хоҷагии қишлоқ ва саноати истихроҷи маъдани кӯҳи (фосфорит, ыефт, маъдани оҳан, маъдани полиметаллӣ) аст. Ғалладона (гандум, ҷав, ҷуворимакка ва ғайра), сабзавот мекоранд; ток ва зайтун парвариш мекунанд. Гов, гӯсфанд, буз, уштурро бештар мепарваранд. Моҳигирӣ низ тараққӣ кардааст. Корхонаҳои саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ, адвиёт, металургӣ, коркарди металл ва химия мавҷуд аст. Тӯли роҳи оҳан 2,2 ҳазор км, роҳи автомобилгард зиёда аз 52 ҳазор км. Бандарҳои асосиаш: Сахира, Сфақс. Ба хориҷа фосфорит, нефт, равғани зайтун, маъдан, машрубот мебарорад. Шарики асосии тиҷоратиаш — Франсия. Воҳиди пул — динори тунисӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …