Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХИЗОНАИ ШАҲРИСТОН

ХИЗОНАИ ШАҲРИСТОН

ХИЗОНАИ ШАҲРИСТОН, маҷмӯи осори санъати заргарӣ ва сиккаҳост, ки дар деҳаи Шаҳристони Поёни райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод (соли 1957) ёфтаанд. Xизонаи Шаҳристон аз се ангуштарии тилло, се гӯшвораи тилло, ду овезаи сиккамонанди зарробишуда ва ду шикастапораи он, ду овезаи зангӯламонанди биринҷӣ, ду сиккаи тилло ва ҳафт шикастапораи он, ду порчаи фирӯза, 99 марвориди майдаи дарёӣ, нӯҳ овезаи марҷонӣ ва панҷ мӯҳраи шишагӣ иборат аст. Xизонаи Шаҳристон ба мйёнаи асри 13 мансуб аст (фақат овезаҳои биринҷӣ ва гӯшвораҳо қадимтаранд). Xизонаи Шаҳристон аз дараҷаи баланди тараққиёти санъаш заргарии Истаравшани асримиёнагӣ шаҳодат меднҳад. У. Пӯлодов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …