Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХИЗМАТЧИЁН

ХИЗМАТЧИЁН

municipalnyy-sluzhashchiy-2017

ХИЗМАТЧИЁН, коргарони соҳаи ғайриистеҳсолӣ ва меҳнати фикриро гӯянд. Онҳо аз гурӯқи калони коркунони касбӣ (кадрҳои маъмурию идоравӣ, коргарони инженерию техникӣ ва дигар гурӯҳҳои мутахассисони дипломдор, аз қабили муаллимони мактабҳои олию миёна, духтурон ва ғайра), коргарони идора ва соҳаӣ савдо иборатанд. Ҳоло дар мамлакатҳои капиталистӣ қисми роҳбарикунандаи хизматчиён ба буржуазия ва қисми асосиашон имтиёзҳои худро гум карда, ба синфи коргар наздик шудаанд; як қисмашон вазъи миёна доранд.
Партияҳои коммунистӣ дар шахси хизматчиён иттифоқчии синфи коргари саноатиро мебинанд ва талаботи ҳаётии онҳоро ҳаматарафа тарафдорӣ мекунанд. Xизматчиён ба муборизаи иҷтимоии синфи коргар ва ҳамаи меҳнаткашои ҳарчи бештар мусоидат мекунанд. Дар шароити сосиализм онҳо ба сохтмони ҷамъияти сосиалистию коммунистӣ фаъолона иштирок менамоянд. Миқдори хизматчиён торафт меафзояд, таркиби касбашон тағйир меёбад. Аз ҳама бештар миқдори коркунони инженерию техники, коркунони илмӣ, духтурон афзуда истодааст; як қисми хизматчиён бо синфи коргар наздик шуда, бо он омехта мешаванд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …