Маълумоти охирин

ХАВОЗА

ХАВОЗА, 1) воиш, возиҷ, толор, харак, як навъ чӯбҳои бар сутунҳо гузоштаро гӯянд, ки ба болои онҳо занг, дастак ва навдаҳои токро бардоранд. Xавоза якчанд вавъ (толор, воиш, чайлов ва ғайра) мешавад. Воиш аз чӯбҳон ба бояои сутунҳои баланд (2у5—5 м) гузошташуда иборат буда, онро бештар барои бардоштани токи ҳавлӣ истифода мебаранд ва асосан аз сутунҳо, сарравҳо, болордои чӯбин (ғафсиашон а—12 см) ё гунбадои оҳанӣ (масофаи байнашон 1,5 —2 м) ва вассаҳо (ба болои болорҳо мегузоранд) ҳангоми токшинонӣ 3 пас аэ 1—2 соли он месозанд.

angur

Толор аз сутунҳои рӯ ба руи ҳамдигар дуқатора шинонида иборат буда, дар болояшон забаррав ва ходачаҳо мегузоранд ва ба руи онҳо занг, дастак ва навдаҳои токро мебардоранд. Масофаи байни сутунҳо одатан 2—3 м ва қатори онҳо 3—5 м мешавад. Толорро бештар дар хиёбонҳо, гулгаштҳо, гулбоғу чорбоғҳо ва ғайра бино мекунанд. Сутунҳои воишу толорро бештар аз чуб, ғулбаҳои оҳанӣ ва оҳанубетон месозанд: чайлов ба рафҳои каппа (чайла) монанд аст. Сутунҳои чӯбинро (ғафсиашоя 8—10 см) рӯ ба рӯи ҳамдигар (аз якдигар 2—3 м дуртар) мешшнонанд ва нӯгҳояшонро камонвор қат намуда ба ҳам мепайванданд.
Баробари инкишоф ёфтани токдорӣ бештар хавозаи оҳанубетонӣ маъмул шуд. Ин тарз токбардорӣ механкконии корҳои байни каторҳои ток ва парвариши онро хеле осон мегардонад;
2) чӯбҳои бар сари сутунҳо бастаро гӯянд, ки дар бинокорӣ ба болои онҳо баромада, дар ҷойҳои баланд кореро иҷро мекунанд; 3) сӯкичак, чубҳои дар дохили бино ба болои пояҳои кӯтоҳ (0,5—0,7 м) гузоштаро гуянд, ки дар болои онҳо кирмак мепарваранд. Н. Шукуров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …