Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТТОТӢ

ХАТТОТӢ

ХАТТОТӢ, хушнависӣ, санъати хати шевою зебо. Таърихи хаттотӣ бо таҳаввули хат ва олати асосии китобат қалам (найқалам) сахт марбут аст. Ғараз аз хушӯ хуб навиштан на фақат осон хондани хат, балки ба эҳтирос овардани завқи хонанда, малеҳ ва бадеъ кардани хат буд. Xаттотӣ дар байни баъзе халқҳои Шарқи Наздик дар асоси хати арабӣ интишор ёфтааст. Навъҳои маъмултарин ва асосии хати гузашта усули шашгона ва ё усули ситта: сулс, насх, муҳаққақ, райҳон, тавқеъ ва риқоъ ҳисоб меёбад, ки асоси ҳамаи он хати кӯфист. Минбаъд ав махлут шудани хатҳои зикршуда хелҳои дигар, аз ҷумла, таълиқ, настаълиқ, шикаста ва ғайра пайдо шудаанд. Услуби хаттотӣ ба хелҳои хат вобаста аст. Xаттотӣ чун арӯз, бадеъ, қофия ва дигар илмҳои асрҳои миёна қонунҳои махсус, назария ва амалияи худро дошт, .ки хушнависон онро ҳатмаи риоя мекарданд ва аз доираи он берун намебаромаданд. Ба назарияи хаттотӣ хаттотони номии асрҳои 10—11 Абӯалӣ Муҳаммад, ки чун Ибни Муқла машҳур аст ва Алӣ ибни Ҳилол (Ибни Баввоб) асос гузоштаанд. Анъанаҳои онҳоро Ёқути Мустаъсимӣ давом дода, аз ҷиҳати назариявӣ инкишоф ва ривоҷ додааст. Дар системаи таълими асрҳои миёна хаттотӣ чун иавъи махсуси эҷоди бадеӣ ҳисоб мешуд. Барои таълими он се омили муҳим: таълими дуруст, машқи пайваста ва тозагии рӯҳ шарт аст.

1398689_600

Нозукӣ ва хусусиятҳои ҳар як хат ва аз худ кардани онҳо ба омӯхтани қонуниятҳои махсус, ки аз тарафи донандагони назарияи хаттотӣ дар асрҳои 10—13 муайян шуда буд ва аслан ба усули математнкии кашидани ҳарфҳои алоҳида ва элементҳои ҷудогонаи он асос ёфтааст (яъне риояи таносуб), вобаста буд. Барои навиштани ҳама гуна ҳарф дар шакли алоҳидааш барои хутути шашгона ва настаълиқ, донандагони назарияи хушнависӣ доираро асос қарор дода буданд. Дар дохили доира секунҷаи баробартараф, квадрат ва панҷкунҷа кашида мешуд ва аз рӯи он андозаи ҳарфҳои алоҳида ва ҷузъҳои онро муайян мекарданд. Қутри давра барои ҳар як хели хат алоҳида буд ва он аз рӯи миқдори нуқтаҳое, ки бо найқалам ба шакли ромбҳои ба ҳам пайваст аз боло ба поён гузошта мешуд, муайян мегардид. Чунончи, қутри даврае, ки барои навиштани ҳарфҳои хати муҳаққақ муайян шуда буд, ба ҳашт нуқта, барои хати сулс ҳафт нуқта, барои хати тавқеъ шаш нуқта муқаррар шуда буд.

Агар дарозии ҳарфи алиф ( I ) баробари қутри давра бошад, ҷузъи мудаввари ҷим (), айн () барин ҳарфҳо дар алоҳидагӣ ба нисфи давра ва ҳарфҳои ба тариқӣ уфуқӣ навишта мешудагӣ аз қабили бе (), пе () ва ғ. аз рӯи хордаи давра сабт мешуданд. Квадрати даруни давра ҳаҷми як ҷузъи домани коф; лом (барин ҳарфҳо ва андозаи ҳарфи шуп» ()-ро муайян мекард. Кунҷҳои секунҷаи баробартараф бошад, шакли ҳарфи дол () ва сараки қоф (), мим () вов () оарин ҳарфҳоро муайян менамуд. Панҷкунҷа бошад, барои дуруст муайян шудани ҳаҷми сараки ҷим () ва ҳамии қабил ҳарфҳо, инчуиин барои аниқ шудани андозаи қисми поёни ҳарфҳои вов (), ре () ва ғайра хизмат мекард. Баъзан ба ҷои ин системои мураккаб ва ҳисоби математикӣ усули бисёр содда —ҳисоби нуқтаҳо ба асос гирифта мешуд. Чуноичи, дарозии ҳарфи алиф дар хати сулс баробари ҳафт нуқта (.        ), дар хати муҳаққақ — ҳашт нуқта, дар хатти тавқеъ — шаш нуқта, дарозии ҳарфи «бе» () бошад, дар хати сулс шаш нуқта (), муҳаққақ ҳафт, тавқеъ панҷ нуқта, домани ҳарфҳои ҷим ( ), айн () дар хати сулс даҳуним, дар хатҳои муҳаққақу тавқеъ нӯҳ нуқта муайян шуда буд.

Дар баробари Ибни Муқла, Ибни Баввоб ва Ёқути Мустаъсимӣ дар назарияи хат ва хаттотӣ хушнависи номии асри 15 Султоналии Машҳдӣ низ ҳиссаи калон гузоштааст. Дар рисолаи «Одоб-ул-машқ»-и ӯ бори аввал ду усули омӯзиш — назарӣ ва қаллмӣ баён шудааст. Назарӣ — мушоҳида кардан ва омӯхтани хати устодони гузашта, қаламӣ — машқи пайваста аз рӯи ягон нусхаи зебову дилхоҳ. Анъана ва навоварии хаттотӣ дар рисолаи Миримоди Қазвинӣ, ки барои услуби хоси хат доштани ҳар як хушнавис даъват мекард, баён шудааст. Хушнависон аксар ба ду тарз — ҷаллӣ ва хафл менавиштанд. Одатан машқи хафӣ рӯзона ва машқи ҷалӣ шабона ба ҷо оварда мешуд. Дар асрҳои миёна ҳар як хушнаъис мебоист, ақаллан бо се навъи хат: сулс, насх ва настаълиқ навишта метавонист. Аксарият бо хати шашгона ва настаълиқ хеле хубу марғуб менавипгтанд. Машқи пайваста яке аз омилҳои асосии нигоҳ доштани хати хуб ҳисоб мешуд. Барои хушнависи баркамол шудан, панҷ чизро зарур медонистанд— диққати табъ, вуқуф аз хат, қуввати даст, тоқати меҳнат ва камоли асбоби китобат.

Маводи асосии хушнависон сиёҳӣ ва дитар ҷӯшаҳои ранга, коғази сафеду ранга ва мармарӣ, найқалам, қаламтарош, мистар, қаламдон, сиёҳидон, меҳрак, қаламқат ҳисоб мешуд. Дар рисодаҳои роҷеъ ба хаттотӣ аз ҷумла, дар «Рисолаи хат»-и Султоналии Машҳадӣ, «Мидод-ул-хутут»-и Миралии Ҳиравӣ, «Одоб-ул-машқл-л Миримоди Қазвинӣ», «Рисолаи хати манзум»-и Маҷнун ибни Камолуддин Маҳмуди Рафиқӣ маъруф ба Маҷнуни Чапнависг «Рисолаи хат»-и Шафео, «Рисола дар усул ва қавоиди хутути ситта»-и Фатҳуллоҳ Аҳмад ибни Маҳмуд ва ғайра усули тайёр кардани сиёҳӣ ва таносуби таркиби он шинохтани найқалам ва тарзи тарошидани он, шинохтани коғаз ва оҳар молидан ба он, қат задани найқалам ва ғайра боби алоҳида ҷудо карда шуда, ҳар яки он батафсил сабт шудааст.

Маҷмӯи қоидаҳоеро, ки дар хушнависӣ ҷорӣ ва маъмул буд, қавоиди дувоздаҳгона меномиданд ва он усул, таркиб, курсӣ, сууд, нузул, писбат, давр, сатҳ, қувват, заъф, сафо ва нишон аст. Xаттотӣ дар Машриқзамин ҳамчун намуди санъат падид омада, чун санъати тасвирӣ ва дигар намуди саное назариячиёни машҳур ва хушнависони забардасти худро доштааст.     Э. Оқилов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …