Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТТОТИ

ХАТТОТИ

ХАТТОТИ, хушнависи, санъати хати шевою зебо. Таърихи хаттоти бо тахаввули хат ва олати асосии китобат калам (найкалам) сахт марбут аст. Гараз аз хушу хуб навиштан на факат осон хондани хат, балки ба эхтирос овардани завки хонанда, малех ва бадеъ кардани хат буд. Xаттоти дар байни баъзе халкхои Шарки Наздик дар асоси хати араби интишор ёфтааст. Навъхои маъмултарин ва асосии хати гузашта усули шашгона ва ё усули ситта: сулс, насх, мухаккак, райхон, тавкеъ ва рикоъ хисоб меёбад, ки асоси хамаи он хати куфист. Минбаъд ав махлут шудани хатхои зикршуда хелхои дигар, аз чумла, таълик, настаълик, шикаста ва гайра пайдо шудаанд. Услуби хаттоти ба хелхои хат вобаста аст. Xаттоти чун аруз, бадеъ, кофия ва дигар илмхои асрхои миёна конунхои махсус, назария ва амалияи худро дошт, .ки хушнависон онро хатмаи риоя мекарданд ва аз доираи он берун намебаромаданд. Ба назарияи хаттоти хаттотони номии асрхои 10—11 Абуали Мухаммад, ки чун Ибни Мукла машхур аст ва Али ибни Хилол (Ибни Баввоб) асос гузоштаанд. Анъанахои онхоро Ёкути Мустаъсими давом дода, аз чихати назарияви инкишоф ва ривоч додааст. Дар системаи таълими асрхои миёна хаттоти чун иавъи махсуси эчоди бадеи хисоб мешуд. Барои таълими он се омили мухим: таълими дуруст, машки пайваста ва тозагии рух шарт аст.

1398689_600

Нозуки ва хусусиятхои хар як хат ва аз худ кардани онхо ба омухтани конуниятхои махсус, ки аз тарафи донандагони назарияи хаттоти дар асрхои 10—13 муайян шуда буд ва аслан ба усули математнкии кашидани харфхои алохида ва элементхои чудогонаи он асос ёфтааст (яъне риояи таносуб), вобаста буд. Барои навиштани хама гуна харф дар шакли алохидааш барои хутути шашгона ва настаълик, донандагони назарияи хушнависи доираро асос карор дода буданд. Дар дохили доира секунчаи баробартараф, квадрат ва панчкунча кашида мешуд ва аз руи он андозаи харфхои алохида ва чузъхои онро муайян мекарданд. Кутри давра барои хар як хели хат алохида буд ва он аз руи микдори нуктахое, ки бо найкалам ба шакли ромбхои ба хам пайваст аз боло ба поён гузошта мешуд, муайян мегардид. Чунончи, кутри даврае, ки барои навиштани харфхои хати мухаккак муайян шуда буд, ба хашт нукта, барои хати сулс хафт нукта, барои хати тавкеъ шаш нукта мукаррар шуда буд.

Агар дарозии харфи алиф ( I ) баробари кутри давра бошад, чузъи мудаввари чим (), айн () барин харфхо дар алохидаги ба нисфи давра ва харфхои ба тарики уфуки навишта мешудаги аз кабили бе (), пе () ва г. аз руи хордаи давра сабт мешуданд. Квадрати даруни давра хачми як чузъи домани коф; лом (барин харфхо ва андозаи харфи шуп» ()-ро муайян мекард. Кунчхои секунчаи баробартараф бошад, шакли харфи дол () ва сараки коф (), мим () вов () оарин харфхоро муайян менамуд. Панчкунча бошад, барои дуруст муайян шудани хачми сараки чим () ва хамии кабил харфхо, инчуиин барои аник шудани андозаи кисми поёни харфхои вов (), ре () ва гайра хизмат мекард. Баъзан ба чои ин системои мураккаб ва хисоби математики усули бисёр содда —хисоби нуктахо ба асос гирифта мешуд. Чуноичи, дарозии харфи алиф дар хати сулс баробари хафт нукта (.        ), дар хати мухаккак — хашт нукта, дар хатти тавкеъ — шаш нукта, дарозии харфи «бе» () бошад, дар хати сулс шаш нукта (), мухаккак хафт, тавкеъ панч нукта, домани харфхои чим ( ), айн () дар хати сулс дахуним, дар хатхои мухаккаку тавкеъ нух нукта муайян шуда буд.

Дар баробари Ибни Мукла, Ибни Баввоб ва Ёкути Мустаъсими дар назарияи хат ва хаттоти хушнависи номии асри 15 Султоналии Машхди низ хиссаи калон гузоштааст. Дар рисолаи «Одоб-ул-машк»-и у бори аввал ду усули омузиш — назари ва каллми баён шудааст. Назари — мушохида кардан ва омухтани хати устодони гузашта, калами — машки пайваста аз руи ягон нусхаи зебову дилхох. Анъана ва навоварии хаттоти дар рисолаи Миримоди Казвини, ки барои услуби хоси хат доштани хар як хушнавис даъват мекард, баён шудааст. Хушнависон аксар ба ду тарз — чалли ва хафл менавиштанд. Одатан машки хафи рузона ва машки чали шабона ба чо оварда мешуд. Дар асрхои миёна хар як хушнаъис мебоист, акаллан бо се навъи хат: сулс, насх ва настаълик навишта метавонист. Аксарият бо хати шашгона ва настаълик хеле хубу маргуб менавипгтанд. Машки пайваста яке аз омилхои асосии нигох доштани хати хуб хисоб мешуд. Барои хушнависи баркамол шудан, панч чизро зарур медонистанд— диккати табъ, вукуф аз хат, куввати даст, токати мехнат ва камоли асбоби китобат.

Маводи асосии хушнависон сиёхи ва дитар чушахои ранга, когази сафеду ранга ва мармари, найкалам, каламтарош, мистар, каламдон, сиёхидон, мехрак, каламкат хисоб мешуд. Дар рисодахои рочеъ ба хаттоти аз чумла, дар «Рисолаи хат»-и Султоналии Машхади, «Мидод-ул-хутут»-и Миралии Хирави, «Одоб-ул-машкл-л Миримоди Казвини», «Рисолаи хати манзум»-и Мачнун ибни Камолуддин Махмуди Рафики маъруф ба Мачнуни Чапнависг «Рисолаи хат»-и Шафео, «Рисола дар усул ва кавоиди хутути ситта»-и Фатхуллох Ахмад ибни Махмуд ва гайра усули тайёр кардани сиёхи ва таносуби таркиби он шинохтани найкалам ва тарзи тарошидани он, шинохтани когаз ва охар молидан ба он, кат задани найкалам ва гайра боби алохида чудо карда шуда, хар яки он батафсил сабт шудааст.

Мачмуи коидахоеро, ки дар хушнависи чори ва маъмул буд, кавоиди дувоздахгона меномиданд ва он усул, таркиб, курси, сууд, нузул, писбат, давр, сатх, кувват, заъф, сафо ва нишон аст. Xаттоти дар Машрикзамин хамчун намуди санъат падид омада, чун санъати тасвири ва дигар намуди саное назариячиёни машхур ва хушнависони забардасти худро доштааст.     Э. Окилов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …