ХАТИ ФОРСИИ ҚАДИМ, системаи хати ҳиҷоии мехист, ки аз он барои сабти осори забони форсии қадим истифода шудааст. Манбаъҳои пайдоиши хати форсии қадим аниқ муайян нагардидаанд. Ҷиҳати асосие, ки ин хатро ба хатҳои мехии эламӣ ва аккадӣ қаробат додааст, истифода шудани аломати мехмонанд чун унсури хат мебошаду бас. Шоҳ Дорои 1 дар яке аз катибаҳо худро ихтироъкори хати форсии қадим номидааст. Эҳтимоли қавӣ он аст, ки бо фармони Доро дабиронаш ин хатро ихтироъ кардаанд.
Xати форсии қадим 36 аломат дошт ва аз чап ба рост мавишта мешуд. Аз 36 аломати хати форсии қадим се ададаш ҳарфи садонок, бисту дутоаш ҳамсадо +а (ка, dа, rа ва ғайра), ҳафтоаш ҳамсадо + i (ku, tu, du ва ғайра) ва чортоаш ҳамсадо + i (di, mi, vi) буд. Шаклп: ҳарфҳои ҳамсадо вобаста ба садоноке, ки баъд аз онҳо меояд, тағйир меёбад. Дар хати форсии қадим ду аломат барои ҷудо кардани калимаҳо (пас аз анҷоми калима навишта мешуданд), панҷ ҳузвориш, аломатҳои махсус барои ишораи шумораҳо мавҷуданд. Бо хати форсии қадим Катибаи Бесутун ва дигар Катибаҳои Ҳахоманшпиён навишта шудаанд.
Кашф ва рамзкушоӣ (дешифровка)-и хати форсии қадим таърихи дуру дароз (аз асри 15 оғоз офтааст) дорад. Дар ин кор ҳиссаи сайёҳони европоӣ Иосифат Барбаро (сафири Венесия дар Эрон), Антонио де Гувеа (сафири Испания ва Португалия), Петро делла Валле (сайёҳи италиявӣ), олимон Энгелберт Кемпфер, Карстен Нибур, Олаф Герхард Тихсен, Карл Генрих Мюнтер, Силвестф де Саси, Гротефенд, Г. Роулинсон, Т. Бенфей, Ж. Опперт, Фр. Шпигел, К. Коссович (олими рус) ва дигарон калон аст. Пас аз рамзкушопи хати форсии қадим матнҳои ба забонҳои эламӣ ва бобулӣ навишташудаи Ҳахоманишиён, яъне тарҷумаи катибаҳои онон ба Xати форсии қадим хонда, рамзкушоӣ карда шуданд.
Адабиёт: Соколов С. Н.. Древнеперсидский язык дар китоби: Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки, Москва, 1979; Кеnt R. G., Оld Регsian. Grammar, texts, lехicon, Наvеn, 1953.